Бо он, ки дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон беш аз 50 сол ҷангу муқовимат аст, ҷои баҳс нест. Аммо ҳузури Толибон вазъияти бе ин ҳам бади мардуми афғонро боз ҳам бадтар намуд. Имрӯз дар баробари муҷоҳидон, ДИИЛ (ИГИЛ) ҳаракати тундрави Толибон зимоми ҳукуматдориро бар даст гирифтанд. Бо баробари ба даст дарории аксарияти ҳудуди ин кишвар онҳо барои  нест кардани мактабу маориф, фарҳангу маконҳои таърихӣ шуруъ намуданд. Ба гумони онҳо бояд инсоният исломро дар шароити хонаводагӣ мисли давраҳои миёнарасригӣ бишносанд.

          Боз онҳо қасам мехӯранд, ки нафъи халқи худро аз нафъи худ боло медонад. Дар ин миён Сарвари давлат боварии мардуми афғонро поймол карду худ фирор кард. Ҳаққӣ мардумро дуздид. Он хуне, ки рехта истодааст дар гардани ӯ ва ҳаммаслакони ӯст, моликияти давлату мардумро ба яғмо бурданду, фирор карданд. ​ Президенти Ҷумҳурии Афғонистон бо роҳбарони ба худ наздик ба мардумонаш хиёнат кард. ​ Дар ин чанд соле, ки каму беш дар Афғонистон оромӣ буд, ӯ метавонист давлатро рӯ ба тараққӣ овараду гурӯҳҳои қавмии​ ба якдигар мухолифро ба ҳам оварад, лоақал кушиш намояд, ки барои беҳбудӣ ва нафъи халқ хизмат намояд. Чанде аз коршиносон бар ақидаи онанд, ки он сиёсатеро​ Ашраф Ғанӣ пешгирифта буд, ба ҳамин ҳолат оварда расонд ва ин ақидаҳо тасдиқи худро низ дарёфт.

Ин ҳолатро мушоҳида мекунаму шукрона аз он мегӯям, ки бар тақдири халқи тоҷик Пешвои муаззами миллат муҳтарам​ Эмомалӣ Раҳмон будааст. Халқи тоҷикро аз чоҳи даҳшату ҷангу хунрезиҳо, парокандагиву парешонҳолӣ, гуруснагиву бурҳони вазнини иқтисодӣ раҳо кард.

Бори дигар шукрона, садҳо бори дигар шукрона мекунам. Шукронаи ин сарзамин! Шукронаи Пешвои муаззами миллат!

 

Муҳайё Абдусаломова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз  суханрониҳои худ иброз доштанд, ки терроризму экстремизм чун вабои аср миллату ватан ва дину мазҳаб надоранд ва танҳо барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки сиёсӣ истифода мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати коҳиш додани унсурҳои ифротгароӣ дар ҷомеа аз тарафи Тоҷикистон ба имзо расидани ҳамаи ҳуҷҷатҳои марбут ба амалҳои зиддитеррористӣ, ки аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид таҳияву эълон шудаанд, далели воқеии муборизаи беамон бар зидди ифротгароӣ мебошад.

Барои мустаҳкам намудани заминаи ҳуқуқӣ дар ноябри соли 1999 парлумони кишвар қонун «Дар бораи мубориза бо терроризм»-ро қабул кард. Бар замми ин  Барномаи махсус таҳия ва «Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бо терроризм» қабул карда шудааст. Инчунин 30 марти соли 2006 Судии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ташкилотҳои зиёди характери террористӣ ва экстремистӣ доштаро манъ кард.

Воқеан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла дар вилояти Суғд, яке аз масъалаҳои муҳиму мубрам ва мушкилоти асосӣ, ки ба амнияти миллӣ хатари ҷиддӣ эҷод мекунад, ин идома ёфтани фаъолияти тахрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ ва терористӣ, таълимоти ғайрирасмии динӣ ба шумор рафта, раванди мазкур ба оромии вазъи ҷамъиятию сиёсӣ, пойдории сохти конститутсионӣ ва якпорчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад. Имрўз ҷаҳонро мавҷи нооромиҳо, бесарусомониҳо ва буҳрони сиёсиву молиявӣ фаро гирифта, ба истиқлолият, якпорчагии давлатҳо ва ҳаёти осоиштаи аҳолӣ таҳдид ба миён овардааст. Хусусан, айни ҳол зиёда аз 100 давлати дунё ҳадафи ҳамлаҳои терористиву ифротгароӣ қарор гирифтаанд. Аз ин рӯ, бешубҳа масъалаи таъмини баланди амнияти давлатӣ дар шароити имрӯза зарур аст.

Гузашта аз ин, ҳузури ҷавонони тоҷик, минҷумла сокинони вилояти Суғд дар ҷангҳои Сурия ва таълимоти онҳо дар урдугоҳҳои ғайриқонунии Покистону Афғонистон имрўзҳо ба  мавзўи доғи ҷомеа мубаддал гардида, мўъҷиби нигаронии мардум ва мақомоти давлатии кишвар шудааст. Ширкати ҷавонони тоҷик дар амалиётҳои ҷангии кишварҳои хориҷӣ ва шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрави террористӣ, ки таҳдиду хатаре ба амнияти кишвар, минтақа ва тамоми ҷаҳон дорад, аз мавзӯи меҳварии фаъолияти на танҳо ниҳодҳои интизомии кишвар, балки тамоми аъзоёни ҷомеаи мамлакат ба ҳисоб меравад. Тавре ки ҳаёти рўзмарраи ҷомеа собит месозад, имрӯз гурӯҳе аз ҷавонони ғофилу гумроҳ ва бехабар аз дину оини милливу мазҳабӣ, ки аз асолати дини мубини ислом ва мазҳаби ваҳдатгаройи ҳанафӣ огаҳӣ надоранд, ба доми тазвири мубаллиғони созмонҳои террористӣ афтода, бо сипар кардани номи ислом алайҳи бародарону хоҳарон ва ҳамватанону ҳаммазҳабони худ теғ мекашанд ва бо усулҳои даҳшатбори гушношунид инсонҳои бегуноҳро қатл мекунанд. Онҳо бо ин кирдори нангинашон,ки хилоф ба арзишҳои башардӯстонаи дини мубини ислом дорад, ифтихори ҷоҳилона карда, бо паҳн намудани навори «корномаҳояшон» исломро дар чашми аҳли башар ҳамчун дини зиддиинсонӣ ҷилва медиҳанд.

Ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ба монанди «Салафия», Ҳаракати исломии Ўзбекистон, «Ансоруллоҳ», «Ҷундуллоҳ», Давлати бо ном исломӣ, «Ҳизбут-таҳрир» ва Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи наҳзати Ислом аз қувваҳое маҳсуб мешаванд, ки барои гумроҳии аҳли ҷомеа, хосса ҷавонон пайваста фаъолияташонро густариш медиҳанд. Дар марҳилаи ҳозира маводи паҳнкардаи душманони миллат нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни ифроди миллат нест. Вагарна бо чӣ сабаб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии ватан канорҷӯӣ мекунанду монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар рушди кишвари худ ширкат намеварзанд, меҳнат ва эҷод намекунанд, дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре айбҷӯиву харобакориро пеша карданд. Дар зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимотӣ ба амалҳои низоъпарастӣ, ифродгароӣ ва террористӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» ташбеҳ мекунанд ва мехоханд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд.

Ҳаводиси ахири Ҷумҳурии исломии Афғонистон бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, кихолӣ мондан  фазои сиёсӣ, коҳиш ёфтани эътимоду боварии мардум ба давлату ҳукумат ба он оварда расонд, ки ҳукумат ба дасти Толибон афтод. Ва имрӯз ба ҷузъ аз чанд давлатҳо, минҷумла Тоҷикистон дигар давлатҳо, ҳатто абарқудратҳо бар зидди амалҳои ваҳшонаи Толибон садо баланд кунанд.  

Таҳлили маводи чопӣ ва электронии васоити ахбори оммаи кишвар нишон медиҳад, ки дар ин раванд дар баробари рўзноманигорону устодони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ фаъоланду халос. Агар дар канори онҳо ҳамчунин фаъолияти аҳли уламои Тоҷикистон, ҷомеашиносон ва намояндагони бонуфузи илмҳои ҷамъиятии мамлакат бо гузоришу мақолаҳои судманд аз тариқи минбарҳои баланд ва васоити ахбори омма вокуниш нишон дода, дар кори мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм пешоҳанг шаванд, пас мо метавонем дар маҳви ин хатари бамиёномада қадами устувор гузорем.

Имрўзҳо ҳарчанд дар тамоми шаҳру навоҳӣ ва макотиби оливу мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии қаламрави вилояти Суғд бо ҳузури намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мутахассисону коршиносон дар мавзуи хатари ҷараёнҳои ифротиву тундгаро сӯҳбату мулоқотҳо баргузор мегарданд, вале то кунун масъалаҳои марбут ба пешгирии қонуншиканиву ҷинояткорӣ, мубориза бо терроризму экстремизм, аз ҷумла шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонуниву тундгаро, сабаб ва ҳолатҳои пайвастани иддае аз ҷавонони Тоҷикистон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ  ҳанўз аз мавзӯъҳои доғи рўз боқӣ мемонад. Аз ин рў, минбаъд бояд дар чунин сўҳбату мулоқотҳо дар баробари кормандони ҳифзи ҳуқуқ бештар барқароркунандагони ҳокимияти конститутсионӣ дар Тоҷикистон баромад карда, бобати бадбахтиву харобиҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон нақл кунанд. Чунки Тоҷикистон дар байни кишварҳои муштаракулманофеъ аввалин кишварест, ки дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ гирифтори фитнаву найрангҳои ифортгароён гардида, оқибатҳои ҳузнангези ҷанги шаҳрвандиро паси сар кардааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавиро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.

Бинобар ин мо  шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар руҳи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

Имрӯзҳо корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар кишвари азизамон – Тоҷикистон бо авҷ ба самти пеш рафта истодааст. Мардуми сарбаланди диёрамон барои боз ҳа ободтару зеботар гаштани Ватанамон заҳмат кашида, барои шукуфоии бештари сарзаминамон талош доранд.

Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам таълошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст.

Абдусабури Абдуваҳҳоб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Ҷаӽони муосир имрўзӽо бо суръати кайӽонӣ пеш меравад ва инсоният ба ӽалли масъалаӽои глобалӣ даст мезанад, то дар сайёраи замин зиндагии хубе дошта бошад. Вале ҷои нигаронӣ аст, ки ӽар қадар мо пеш меравем ва ба комёбиӽо ноил мешавем бо ӽамон қадар масъалаҳои ӽалталаб пешорўи мо меистад. Яке ин масъалаӽое, ки мардуми сайёраро бо таӽлука андохтааст. Ин амалӽои ғайриинсонии гурӯуӽӽои радикалию ифротгаро ва террористӣ мебошад. Расонаӽои хабарии ҷаӽон имрӯза даҳӽо барномаӽоро аз амалӽои манфури онӽо пахш мекунанд.

Мо мардуми тоҷик шукронаи он дорем, ки зери роӽбари хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар як фаъзои орому осоишта зиндагӣ дорем. Аммо ин ӽамаи моро ором гузошта наметавонад, зеро намояндагони ин гурӯӽӽо   дар хориҷ аз кишвар ором наистода ба ӽар роӽу восита мехоӽанд, ки ҷавонони моро ба худ ҷалб намоянд. Ҷойи таасуф аст, ки аз бархе аз ҷавонони гумроҳ  фирефтаи таблиғоти дурӯғини ин гурӯӽӽо гаштаанд.  Бинобар маълумоти коршиносони соӽа шумораи ин ҷавонони фиребхӯрда сол то сол Ватан баргашта арзу пушаймонӣ мекунанд, ки аз рӯи нофаӽмӣ ва бо маънии аслии таблиғоти онӽо сарфӽам нарафта ба доми фиреб афтоданд. Ин барои наврасону ҷавонон дарси хубест, ки хештаншинос бошем, ба ӽаргуна таблиғоти бегонагон фирефта нашавем .

Ин гурӯӽӽо ба воситаи шабакаӽои иҷтимоӣ дини мубини исломро ба худ сипар намуда,  ҷавононро ба ҷиӽод даъват мекунанд, ки ин ба ҷуз дассисабозӣ чизе нест.  Беӽатарин амале Худованд барои бандагонаш фарз гардонидааст ин анҷом додани амали хуб дар ӽаққи бародари мусулмон аст, на силоӽ бардоштан. Дар ӽадисе  омадааст: «Агар миёни ду мусулмон моҷарое шуд, шамшерӽои чӯбин ба даст гиранд» мурод аз шамшерӽои чубин ин сулӽу салоӽ ва ба ӽамойӣ  мебошад.

 Хулоса, ҳамаи мо хуб медонем, ки дар давлати ба мо ҳамсоя Афғонистон чи ҳодисаҳо рух дода истодааст. Давлат ноорому мардум парешон. Аз ин хулоса намуда, мо аӽолии кишвари биҳиштосо, ки дар замони пурмоҷаро ва зудтағйирёбанда зиндагӣ дорем, шукронаи ин тинҷиву оромӣ, шукронаи Сарвари хирадманд  намуда, барои ӽифзу субот, сулӽу салоӽ ва Ваӽдати кишвар бо ӽам муттаӽид бошем ва барои пойдории ин сулҳу субот сидқан ҷидду ҷаҳд намоем.

Муаттар Раҳматова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Давраи фоҷиабор ва ғамангези солҳои навадум, ки даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дода будем, аз ёд намеравад ва он барои ҳама як умр бояд дарс бошад. Биноҳои обод хароб гаштанду нафарони зиёде овораву сарсон. Имрӯз ҳодисаҳои он солҳоро санҷида, бо тахлили амиқ ҳақиқатро дарёфтем, дӯсту душманро шинохтем, аз ин рӯ дар ҳифзи пойдории Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу суботи ҷомеа саъю кӯшиш менамоем.

Имрӯз, дар замоне, ки ифротгароӣ ва терроризм ба хатари бузург табдил ёфтаву ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, мо бояд ба тарбияи  насли наврас аҳамият диҳем, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ барем, таваҷҷӯҳашонро ба донишандӯзӣ ҷалб намоем, то дар байни ҷавонон ба ин вабои аср ҷой набошад.

Ташвишу нигоронии мо дар он аст, ки даҳҳо шаҳрвандони ҷумҳурии мо бо силоҳ дар  хориҷ аз кишвар ҳамроҳи намояндагони ташкилоту гурӯҳҳои ифротӣ меҷанганд, ҷавонони моро ин гурӯҳҳо бо «мағзшӯӣ» тобеи худ мекунанду ба иҷрои   амалҳои номатлуб раҳнамоӣ мекунанд. Ин қотилон бо воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ истифода аз техникаву технологияи навин ба ҳар хонадон роҳ ёфта, бо тарғибу ташвиқҳои бардурӯғ ҷавонро ба сӯи худ ҷалб мекунанд.

Ҳамаи ин амалҳои номатлуб мо - падару модарон, омӯзгоронро ҳушдор медиҳад, ки дар тарбияи фарзанди худ дар доираи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» диққати ҷиддӣ диҳем.

Бояд назорат барем, ки фарзандонамон бо киҳо, чӣ тоифа одамон шинухез ва ё гуфтугӯ мекунанд, аз кадом шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд, бо кадом гурӯҳҳо иртибот доранд. Волидайн дар раванди таълиму тарбия, аз ҷумла назорати сатҳу сифати таълим ва донишандӯзии фарзандон дар муассисаҳои таълимӣ бевосита иштирок намоянд.

Ҳамаи мо медонем, ки таълиму тарбияи фарзанд нахуст аз оила оғоз мегардад.

Таърих, миллату давлат моро ҳеҷ намебахшад, агар фарзандони носолим, бемасъулият, ки рисолати инсонӣ надоранд, ба ҷомеа тақдим намоем. Аз ин гуна фарзандон ҳатман хиёнат сар мезанад.

Пас, бояд ба тарбияи фарзандон дуруст эътибор диҳем, ки беҳтарин воситаи пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ мебошад.

 

Амиртемур Ваҳҳобов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Дар яке аз шабакаҳои телевизиони Русия гуфтугӯи мустақими  руҳониеро тамошо мекардам. Яке аз бинандагони телевизион нуктаи назари олими диншиносро вобаста ба муҳоҷирони меҳнатии аз Осиёи миёна омадаро пурсида, ҳатто таҳқир ҳам кард, ки онҳо ба талаботи санитариву гигиенӣ риоя намекунанд, рафторашон қобили қабул нест. Он рӯҳонӣ дар ҷавоб гуфт, ки ин муҳоҷирон аз мардуми таҳҷоӣ, хосса русзабонҳое, ки дигар қавму миллатҳоро дида наметавонанд, даҳҳо маротиба беҳтаранд, зеро онҳо дил доранд, имон доранд, аз фардои падару модар, ватанашон андеша мекунанд. Агар онҳо дил намедоштанд, имон намедоштанд, ба хотири волидон, фарзандон ҳазорҳо фарсахҳоро тай карда, дар шароити тангно кор намекарданд. Шумо ягон мусулмонро дидаед, ки падару модарашро дар дами пирӣ танҳо гузоштааст? Дар хонаам чанде аз ҷавонони тоҷик кор карданд. Мани олими диншинос чӣ будани одамият, қадру манзалатро аз ин ҷавонон омӯхтам. Он касе, ки тоҷикро гумроҳ мегӯяд, худаш нодон аст. Агар ҷавонони одии тоҷик чунин донишу андешаронӣ дошта бошад, пас ин миллат бузург аст ва роҳнамои он низ шахси босавод аст. Ин суханони як падари руҳонии яке аз минтақаҳои Русияро шунида, ростӣ хеле мамнун шудаам, ки дар хориҷ низ миллати моро дар аслаш мешиносанд. Ва пас аз ин гуфтаҳо мусоҳибаҳои Муҳиддин Кабирӣ ба хотирам омад, ки зимни ин мулоқот ин “олими нуктадон” аз камбудии ҷомеаи Тоҷикистон ҳарф зада, қайд мекунад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳдошти зиндагии мардум коре намекунад.  

Бармегардем ба масъалаи инсонгароӣ. Магар пушти боимон будани ҷавонони мо ҲНИ меистад? Ё дар мавриди эҳтироми волидон дастандаркорони ин ҳизб саҳм гузоштаанд?  Не, ба хотири он ки тоҷикон аз азал расму русуми худро нигаҳ дошта меоянд. Он насл ба насл омада расида истодааст. Кадоме аз намояндагони ҳизби наҳзати ислом амалан дар шабакаҳои байналмилалии интернет ё васоити ахбори оммаи Русия далерона суханони ин руҳонии Русия, ки дину оинаш дигар аст, гуфтааст: «Ягон нафар». Баръакс, то ҷое иттилоъ дорам, намояндагони ҲХДТ бевосита дар мулоқот бо муҳоҷирин аз кордиҳандаҳо даъват ба амал оварданд, ки нисбати шаҳрвандони мо эҳтиёткор бошанд, ҳуқуқу манофеашонро ҳимоя намоянд.

Дар мавриди будани ҲНИ ё набуданаш ҳаминро гуфтаниам. Вақте қонунгузории кишвар кафолати озодии ибодати шаҳрвандонро додааст, чӣ ҳоҷат аст ба ташкили ҳизб, ки рисолаташ аз ин зиёд буда наметавонад. Оё боре ба худ савол додаед, ки дар мамлакате, ки масҷид аз мактаб зиёд аст, чӣ ҳоҷат ба таблищу ташвиқи намозгузорӣ. Оё он нафароне, ки аз «таги нохун чирк» мекобанд, боре андеша кардаанд, ки бо супориши ҳомии миллат барои маънавиёти ҷомеаро боло бардоштан «Қуръон»-ро бо ҳуруфоти кириллӣ баргардондаанд ва пешкаши мардуми шарифи Тоҷикистон намуданд. Дар рафҳои китобхонаҳо, бозору хиёбонҳои кишвар даҳҳо асарҳои динӣ фурӯхта мешаванд, касе кордор нест. Магар ин нест щамхориву меҳрубонӣ?

Дини мубини Ислом ҷузъи маънавиёт, фарҳанг ва рӯзгори мо маҳсуб мешавад. Ҳамзамон ҳамроҳи мо намояндагони бисёр дину мазҳаби дигар дӯстона зиндагӣ мекунанд. Мувофиқи Конститутсия тамоми мардум, новобаста аз мансубияти наҷодӣ ва диниашон, шаҳрвандони баробархуқуқи ҷомеаи дунявии мо мебошанд ва созмонҳои динӣ бояд қонунҳои амалкунандаро риоя карда, ба сиёсат дахолат накунанд. Бояд гуфт, ки дар бисёр мамлакатҳои исломӣ фаъолияти ҳизбҳои динӣ манъ кар­да шудааст.

Ҳоло дар ҷаҳон бисёр роҳбарони шӯҳратталаб пайдо шудаанд, ки минбарҳои гуногунро барои ба истилоҳ, "ҳимояи ислом" истифода мебаранд. Дар робита ёдовар карданӣ ҳастам, ки Президенти мо мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2003 дар баромадаш аз минбари СММ гуфта буд: "Вақтҳои охир дар воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳон кӯшиши баъзе доираҳо гузоштани аломати баробар миёни чунин таҳдидҳои ҳалокатбор, мисли тер­роризм ва ифротгароӣ ва дини мубини ислом ба мушоҳида мерасад. Чунин тафсир моҳияти сулҳдӯстонаи исломро таҳриф мекунад ва дар назари ҷомеаи ҷаҳон ин дин ҳамчун манбаи бадию зӯроварӣ менамояд, ки бо ҳамин нисбати тамоми ҷаҳони ислом ҳисси танафурро бедор карда, беихтиёр равияҳои фашистии навбаромад ва шовинистиро дастгирӣ ме­намояд. Ман бори дигар таъкид кардан мехоҳам, ки амалиётҳои террористӣ дар мамлакатҳои гуногун кори одамони сангдил ва бераҳме мебошанд, ки ташнаи қудрати сиёсӣ ё ба даст овардани сарват буда, моҳиятан бо дини мубини ислом ягон умумияте надоранд". Президент ин суханонро аз минбари баланд вақте иброз дошт, ки дигар роҳбарони сиёсӣ ҷуръат накарданд, то барои ҳимояи ислом сухане бигӯянд.

Ба фикри коршиносон пешравони динӣ бояд ба ҷомеа дар мустаҳкам кардани пояҳои маънавию ахлоқӣ кӯмак расонанд. Динро аз таассуб бояд фарқ кард. Вақте дини мубини исломро ба сиёсат омезиш медиҳанд, мафкураи шаҳрвандон низ нисбати дини мубини ислом дигар мешавад. Он ҷавононе, ки риш мондаву пайрави ин ё он равияву мазҳабҳо мешаванд, бояд донанд, ки асли ин ҳама тоату ибодатҳо шинохти Худованд аст. Худовандро бояд бо дил шинохт на бо симову рафтор. Имрӯз ҷавононе, ки дар пояи дур аз ҳақиқат ҳизби Исломро ягона сипари боадолат ва ҳифзкунандаи ҳуқуқҳои иҷтимоиву иқтисодии мардум медонанд, сахт хато мекунанд. Чунки Ислом ба ҳизб ниёз надорад ва тӯли садҳо сол худи шаҳрвандон асолати Исломро кайҳо дарк кардаанд.

Чун дар меҳвари дини мубини Ислом инсон меистад, ҳамаи таълимот ва нишондодҳои он ба инсоният ва зиндагии шоистаи фарзандони одам равона карда шудааст. Дар ин замина нақши масъулият ва ӯҳдадориҳои падару модар нисбати ояндаи фарзандон, таълиму тарбияи онҳо дар оятҳои Қуръони карим ва ҳадисҳои набавӣ ба хубӣ инъикоси худро ёфтаанд.

Дар сураи «Луқмон» омадааст:

«Вақте ки гуфт Луқмон ба писараш ва ӯ панд медод фарзандашро: гуфт: Эй писаракам, ба Худо ширк маёр. Чунки ширк гуноҳест бузург.

Эй писаракам, агар гуноҳи ту баробари донаи қаланфур бошад, дар осмонҳо карда бошӣ, ё ки дар замин Худо пешат меорад (дар охират). Чунки Худо  нозукбину бохабар аст.

Эй писаракам, сабр кун ба сахтиҳое, ки ба ту мерасад. Чунки инҳо аз корҳои муҳиманд. Ва турш макун рўятро ба мардум ва дар рӯйи замин мутакаббирона роҳ нагард. Чунки Худо дӯст намедорад ҳар мутакаббири фохирро. Мутавозиона (хоксорона) роҳ рав ва овозатро нарм кун. Албатта, бадтарини овозҳо овози харон аст.

Ҳадисҳои  Пайщамбар (с) бошад, дар масъалаи таълиму тарбия  мефармоянд:

«Арзишмандтарин чизе, ки падар ба фарзанд медиҳад, тарбияи хуб аст, фарзандони худро эътироф кунед ва онҳоро тарбияи хуб диҳед,  фарзандон ва аҳли хонаводаи худро дар аз нигоҳи маънавӣ омӯзонед ва тарбияи некӯ диҳед.

Умедворем, ки ҳар нафари ҳушёр, огоҳ ва дилсӯзи миллат роҳи ростинро худ интихоб мекунад. Роҳи рост ин ҳамон роҳест, ки пешвои миллат моро ба фардои дурахшон мебарад

Абдусабури АБДУВАҲҲОБ, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 7 декабри соли 2015 дар Иҷлосияи сеюми фавқулоддаи Созмони Конфронси исломӣ дар шаҳри Москва дар суханронии худ таъкид карда буд, ки “террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст. Барои бартараф намудани чунин андешаю гумонҳои нораво мо ҳама давлатҳои мусулмонӣ бо падидаҳои радикалӣ, эктремистӣ ва террористӣ бояд дар ҳамбастагии зич мубориза барем, чунки ин гуна нерӯҳо аз номи ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои исломро пиёда месозанд”.

Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд. Ба ин маънӣ омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала талаби замон мебошад. Агар одамон ба масъалаҳои терроризм ва муборизаи зидди он бевосита пайваст набошанд ҳам, тавассути чизи дигаре ва ё субъекти дигаре бо масъалаҳои мухталифи терроризм ва шаклҳои дигари экстремизми сиёсӣ алоқаманд гашта, мавқеи худро муайян менамоянд.

Аз ин рӯ дар тамоми ҷаҳон марказҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ ба омӯзиши ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ равонаанд. Дар ин радиф ҷараёни экстремизми сиёсӣ ва терроризми сиёсӣ пешсаф аст. Экстремизми сиёсӣ аслан аз ғояи фаъолияти канорае таркиб ёфтааст, ки одатан тавассути зӯроварӣ барои воқеӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешавад. Илова бар ин экстримизми сиёсӣ бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст. Аз ин хотир зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи он пеш меояд. Бинобар ин таҳқиқ ва баррасии экстремизм зинаи аввали инкишофи гурӯҳҳои канориро ташкил менамояд.

Экстремизм аз вожаи фаронсавии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои луғавиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштанро дорад. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Ба ин маънӣ дар тӯли чанд даҳсолаи охир диққати олимони диншинос ва сиёсатшинос ба ислом ва нақши он дар равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар кишварҳое, ки аксарияти аҳолии онҳоро мусулмонон ташкил медиҳанд, равона карда шудааст. Сабаби асосии чунин таваҷҷуҳ афзоиш ва шиддат ёфтани таъсири ислом ба сиёсати ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ мебошад. Хусусан дар охири солҳои 70-ум ва аввали солҳои 80-уми асри гузашта дар тамоми кишварҳои Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ раванди сиёсишавии ислом ва исломишавии сиёсат оғоз ёфт. Сабаби асосии таҳкими чунин мақом дар сиёсати ин кишварҳо дар он мебошад, ки ислом метавонад ва қодир аст ҳамчун як низоми том ва мукаммали динӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти фардӣ ва иҷтимоиро ба танзим дароварад ва идора намояд. Барои таҳкими нақши ислом дар сиёсати ин кишварҳо инчунин ақоиди анъанавӣ дар бораи ягонагии дин ва давлат, пайванди ҳаёти дунявӣ ва динӣ, ки дар шуури ҷамъиятии миллатҳои мусулмон хеле амиқ реша давонидааст, низ нақши хеле муҳимро мебозад. Ақидаҳои мазкур хусусан дар байни аъзои ҳаракатҳо, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои сиёсӣ, ки барои бо ормонҳо ва меъёрҳои исломӣ мутобиқ сохтани сиёсати давлатӣ ва ҳаёти ҷомеа мубориза мебаранд, хеле роиҷ буда, ҳаматарафа таблиғу ташвиқ карда мешаванд. Хусусан баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ҷуғрофиёи амалкарди созмонҳо ва ҳаракатҳои навбаромади диниву сиёсӣ вусъат ёфта, бархе аз онҳо дар кишварҳо ва минтақаҳои мусулмоннишини пасошӯравӣ роҳ ёфтанд. Омӯзиш ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи масъалаи мазкур, яъне падидаи сиёсишавии ислом, таъриху идеологияи созмонҳо ва ҳаракатҳои диниву сиёсии исломӣ барои муҳаққиқони ҷомеашиноси тоҷик аз он сабаб зарур мебошад, ки тавассути он мо бо ин падидаҳои нави диниву сиёсӣ “аз наздик шинос шуда”, характери аҳдофи диниву сиёсии онҳоро дуруст баҳо дода метавонем. Ҳамчунин аз тариқи омӯзиши бонизоми ин масъала чигунагии таносуби байни ҳадаф ва идеологияи созмонҳо ва ҳаракатҳои нави диниву сиёсӣ аз як тараф ва арзишҳои динӣ, миллӣ ва сиёсии Тоҷикистон, аз тарафи дигар муайян карда мешавад. Аз ин сабаб мо бояд дар раванди омӯзиш таърих ва идеологияи ин созмонҳо ва ҳаракатҳоро дуруст муайян намоем ва кадоме аз ин ҳаракатҳо бо набзи ҳаёти диниву сиёсии ҷомеаи кишварамон мувофиқ ва кадомашон мухолифу хатарнок аст, аз бар намоем. Ҳамчунин натиҷаҳое ки аз таҳқиқи ин масъала ба даст оварда мешаванд, барои матраҳ кадани усулҳои илмиву амалии муносибати ҳуқуқӣ бо чунин падидаҳо ва ба мақомоти салоҳиятдори давлатӣ пешниҳод кардани тавсияҳои заруриву саривақтӣ кӯмак мерасонанд.

Терроризм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башаррият гардидааст. Бахусус, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин ҳодисаи манфури ҷомеа бетараф намебошад. Сари ин масъала ҳамарӯза ҳукумати кишварамон андеша дошта, онро дар мадди аввал гузошта, сармашқи фаъолияти хеш қарор додааст.

Имрӯз ҳамаи мо тариқи моҳвораву шабакаҳои интернетӣ ва дигар васоити ахбори омма огоҳ ҳастем ва дида истодем, ки дар ҷаҳони ислом вазъият чӣ гуна ноорому мудҳиш аст.

Махсусан ин нуктаро Асосгузори сулҳу Ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки масъалаи «мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ» ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохтори марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад. Ҷавонон ин ояндаи миллат аст ва ҳамеша барои ҳимояи Ватани ҷонони худ бояд тайёр бошанд ва дигар роҳҳои номатлубро пешгирӣ накунанд.

 

М. Машарипова,  устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

 

 

 

 

 

Оромиву суботи ҷомеа, амният ва осудагии шаҳрвандон беҳтарин дастовардҳои  Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб ёфта пойдориаш ба ҳар як фарди бонангу ораш тавъам аст. Лек хело афсўсовар аст, вақте пайдо мешаванд шахсони алоҳидае, ки суботи  ҷомеаро бо амалҳои  худ  доғдор намуда,  оқибати аъмоли  касеву  худро  намеандешанд.

Мутаассифона,  дар тўли солҳову  қарнҳо зуҳуроти манфиатҷўи ва мансабталошии афроди  ҷоҳилу бехирад ва сангдилу  бераҳм, яъне ноҷавонмардонаю разилонаю ваҳшиёна куштани  одамону ғорату арзишҳои  илмию фарҳангии инсоният кам нагардида, баръакс шаклу намудҳои наву  разилонатаре  ба худ мегирад.

Дар давлатҳое, ки ҳизбу гурӯҳҳои исломӣ фаъолият мекунанд, гирдоби шадиди мухолифату парокандагӣ, адовату душманӣ вуҷуд дорад. Дар ҳоли ҳозир мухолифати байниҳамии равандҳои исломгаро зиёд шуда, эътироз бар зидди аъмоли ба амнияти ҳар миллату давлат таҳдиддошта рӯз ба рӯз афзун мегардад

Дар кишварҳои исломӣ ҷанг то ҳадде маскан карда, ки орзуву умеди халқро барбод дода, дар дили мардум яъсу ноумедӣ меорад. Ҷанг дар кишварҳои исломӣ то рафт зиёд шавад ҳам, ҳаракатҳои исломӣ байни худ муттаҳид нестанд, ҳамдигарро чашми дидан надоранд. Яке аз сабабҳои асосӣ дар он аст, ки гурӯҳҳову созмонҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ вазъиятро ноором мекунанд ва байни худ мухолифат доранд. Онҳо на барои пок нигоҳ доштани ислом, балки исломи покро танҳо барои мақсаду мароми худ истифода мебаранд ва аз ислом суистифода мекунанд.

Имрўз шукр аз он дорем, ки Ватани азизамон Тоҷикистон ободу зебо гардида, мардумаш хушу хуррам ва осуда зиндагӣ доранд. Бо иқдомҳои пайгирона ва сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат дар кишварамон як қатор иншооти стратегӣ, аз қабили шоҳроҳҳо, нақбҳо, роҳҳо, нерӯгоҳҳои барқии обии хурду миёна, қасрҳои фарҳангӣ, боғу гулгаштҳо таъмиру тармим гаштаву сохта ба истифода дода шуда, ба тамоми минтақаи  Тоҷикистони азиз ҳусни тоза зам намудааст.  Ин шаҳодати он аст, ки ватандӯстону хештаншиносон бо тамоми ҳастӣ барои ободии ин мамлакат талош доранд. Аммо бархе мухолифон миллати мо талош доранд, ки барои манфиати худу дигар носипосон ин дастовардҳоро тороҷ намоянд.

Таасуфовар он аст, ки имрӯз бархе аз ҷавонони моро бо роҳи фиреби иғво ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротию иртиҷои гаравида истодаанд ва афкори эшонро бо ҳар гуна беҳудагӯиҳо бо исми дини мубини Ислом вайрон намудаанд.  ҷавонони гумроҳшуда намедонад, ки шахси солимақл, соҳибистеъдод ифтихори оила ва саодатмандии кишвар, баръаксии ин, яъне шахси ифротгаро доғи дили падару мадарон, дарди ҷомеа, омили низоъ ва фитнаҳои навбатӣ мебошанд.

  Мутаассифона, онҳо бо чунин ҳаракати бемаънояшон  қурбони бозингарони бузург ва душманони Тоҷикистон мегарданд. Сабаби дигари ҳамроҳшавии онҳо дар он аст, ки сатҳи пасти саводи динӣ доштан дар оила,  дар бисёр мавридҳо миёни оддитарин масъалаҳои байни хурофоту дин, ақидаҳои ботилу ҳақ фарқ гузошта надоштани ўнатавонистани онҳо мебошад.

Мо ҳамеша огоҳ бошем, ба ҷавонон ва шахсони гумроҳ таъкид намоем, ки ба хотири ваъдаи ночизи бегонагон амал карда, ҷони худу наздиконатонро ба гирдбоди ғаму андӯҳ напартоед ва дар байни халқ худро шарманда насозед.

М. Комилова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Панҷшер ва Аҳмад Масъуд ду моҳи охир ин ду калима аз тамоми гушаи олам садо медиҳад.Хамагӣ бо шунидани ин ду калима як ғурури тоҷиконаеро пеши назар меоранд. Ду моҳ «Толибон» бо як осони тавонист тамоми Афғонистонро зери тасарруфи худ орад ба ҷуз як вилоят. Боқимонда 33- вилояти дигарр бе ягон мамониат ва талафоти бузурге тавонист ба даст оварад. Аллакай аксарият аз ояндаи тақдирӣ Афғонистон ноумед гашта буданд. Аммо садое бар зиддӣ ин ҳама баланд шуд. Садои наъраи шере, ки ба тақдири ватану миллати хеш наметавонист бетараф бошад. Ин шер Аҳмад Масъуд писари қаҳрамони милли Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд буд. Аҳмадшоҳ Масъудро то ба имрӯз дар тамоми ҷаҳон ҳамчун як қаҳрамон ва муборизи роҳи озодӣ мешиносанд. Панҷшер яке аз минтақаҳои мебошад, ки замоне ҳокимияти Шуравӣ бо тамоми қувваи худ натавонист ин маконро забт намояд. Ва имруз низ «Толибон» дар ин манотиқ бисёр талафот диданд.

Дар Панҷшер таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ташкил гардид ва имрӯзҳо мо худ шоҳиди он ҳастем, ки сафи тарафдорони ин ҷабҳаи муқовимат рӯз то рӯз зиёд гашта истодааст ва аксар манотиқи Афғонистонро низ фаро гирифта истодааст.

Тоҷикистон низ дар ин боробар ба ҳимоят аз ҷабҳаи муқовимат ва Аҳмад Масъуд баромад дорад. Пешвои миллат борҳо дар суханрониҳои худ дастгирӣ намудани халқи тоҷикро аз Панҷшер ва ҷабҳаи муқовимат иброз доштанд. Суханони зер, ки Пешвои миллат дар СҲШ гуфтанд худ далели ин гуфтаҳоянд:

«Тоҷикистон чандин маротиба аз созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ даъват кард, ки ба мардуми Афғонистон махсусан, ба мардуми дараи Панҷшер кӯмак кунанд, ки қариб ду моҳ мешавад , дар блокада қарор дорад»

Тамоми халқи тоҷик низ имрӯзҳо танҳо ба танҳо сухан аз Панҷшер ва Аҳмад Масъуд мегӯянду дуогуи ғалабаи ин абарманд ҳастанд.

Насим Тошхоҷаев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 Боиси сарфарозист, ки дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистилол ҷавонон нақши арзанда ва саҳми созанда доранд. Маҳз бо назардошти ин, соли 2017 дар Ватанамон Соли ҷавонон эълон гардид ва тадбири мазкур дар татбиқи сиёсати давлатӣ вобаста ба дастгирии насли ҷавон нақши муҳим бозид.

    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар бо зикри иштироки фаъолонаи онҳо дар маъракаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ ва корҳои ободониву бунёдкорӣ ҷавононро бори дигар неруи созанда ва пешбарандаи ҷамъият арзёбӣ карданд.

    Махсус таъкид гардид, ки ғамхориҳои давлату Ҳукумат танҳо барои  соли муайян пешбинӣ нашуда, баръакс ҳалли масоили вобаста ба насли наврасу ҷавон минбаъд низ яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти хоҳад буд.

    Имрӯз, дар марҳилаи ҷаҳонишавии давлатҳову тамаддунҳо, тағйирёбии вазъи сиёсӣ ва иқтисодиву амниятии ҷаҳон лозим аст, ки худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надода, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд. Албатта, дар ин радиф аз онҳо омода будан ба ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат, гиромӣ доштани таъриху фарҳанги халқ ва саъю талош барои пешрафту ободии минбаъдаи Ватан низ тақозо мешавад.

    Падидаи ҷолиб он аст, ки аксари кулли ҷавонони саодатёри Тоҷикистон бо дарки масъулият, ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва номуси ватандорӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои олиашон саъю талоши созанда мекунанд. Муассифона, дар ин миён боз чун хор дар гулистон нафароне ҳастанд, ки бо иқдомҳои ношоиста, амалҳои носавоб ва ниятҳои нопокашон ба номи ҷавонони Тоҷикистон доғ меоранд. Далели ин гуфтаҳо изҳороти Анҷумани озодадешагони Тоҷикистон мебошад, ки чанде пеш тариқи воситаҳои ахбор расонаӣ гардид.

    «Ҳафт бор чен куну як бор бур!» гуфтаанд хирадмандон. Ин панди онҳо маънои онро дорад, ки инсон пеш аз даст задан ба ягон амал бояд аввал нақшаву нияташро хуб дар мизони андеша баркашад. Фикр кунад, ки ин амалаш бо кадом мақсад аст, чӣ натиҷа медиҳад ва оқибати он чӣ мешавад. Агар аз иқдому ташаббуси мо манфиате ба аҳли ҷомеа расад, албатта, он қобили пайравию дастгирист. Вагарна, чуноне ки мегӯянд, бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад ва инсони бадхоҳу бадкор на ба халқ писанд асту на ба Худо.

     Тоҷикистон дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ ба гирдоби низоъҳои дохилӣ кашида шуд, ки то ҳол оқибатҳои ногуворашро дар ҳаёти рӯзмарраи худ эҳсос менамоем. Он бесарусомониҳо рушду нумуи Ватанамонро ба даҳсолаҳо қафо партофт, миллиардҳо доллар ба хоҷагии халқ зиён расид. Мутаассифона, талафоти ҷонӣ ҳам кам набуд.

Таърих гувоҳ аст ва насли миёнсолу калонсол хуб медонанд, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар диёри мо аз ҳамин гуна шиорпартоиҳо, даъватҳои зиддиинсонӣ, изҳороту муроҷиатҳо, майдоннишинию бегонапарастии як зумра нафарони ба гуфти худашон демократ, ислоҳотталаб, навҷӯву навгаро ва дилсӯзи халқу Ватан оғоз ёфт. Аммо ҳамин ки оташи ҷанг фурӯзон шуд, онҳо худро мисли муш ба сӯрохиҳо кашиданд, ҷони худро гирифта гурехтанд, ҳаволаи ҳазорон нафар бегуноҳонро ба Худо карданд.

    «Баҳс омад – наҳс омад»-ро оқилон беҳуда нагуфтаанд. Ин сухани кӯтоҳ ҳикмати бузургеро дар худ нуҳуфтааст. Яъне дар куҷое, ки ҳамдигарнофаҳмӣ ва тафриқаандозӣ ба миён омад, оромию осоиш, тинҷиву амонӣ ва серию фаровонӣ аз он ҷо кӯч мебандад. Ва чуноне, ки аз  изҳороти «равшанфикрон» маълум мешавад, имрӯз боз як зумра сиёҳкорон, ватанфурӯшон, бадхоҳон ва душманони сулҳу ваҳдати сартосарии мо мехоҳанд аз рӯи ҳамон сенарияи куҳна амал намуда, ҳаёти осоиштаи моро халалдор намоянд. Камбудию норасоиҳои ҷузъие, ки дар зиндагии аҳли ҷомеа ҷой доранд, байрақи дасти онҳост. Шахси ноогоҳ дар ибтидо гумон мекунад, ки мақсад аз даъвату муроҷиатҳои ин тоифа бартараф намудани мушкилоту муаммоҳои рӯзгори халқ ва ислоҳи вазъияти ҷойдошта аст. Лекин таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки чунин «ташаббусҳо» танҳо обро лой кардану моҳӣ доштан мебошад. Агар зиндагиномаашонро таҳлил намоед, ба хубӣ аён мешавад, ки чунин ҷавонони «дилсӯзи халқу Ватан» дар асл барои ободии диёр ва ба зиндагии шоиста расидани мардум коре накардаанд. Балки худ бори гарони гардани дигарон ҳастанд. То имрӯз касе аз онҳо манфиате надидаанд.

     Ба гуфти шоир:

                             Бузургӣ саросар ба гуфтор нест,

                             Дусад гуфта чун ним кирдор нест.

     Шиорпартоиву даъвати бадхоҳона, изҳороту муроҷиати ғаразнок аз дасти ҳама меояд, кори душвор нест. Масъалаи асосӣ он аст, ки мо баҳри таъмини саодати аҳолӣ ва ободонии диёрамон чӣ кореро анҷом додаем ё ба анҷом мерасонем.

     Зиндагӣ маҷмӯаи бешу камист. Ҳатто дар пешрафтатарин кишварҳо дар рӯзгори сокинон муаммою мушкилоти ҳалталаб мавҷуданд. Мардуми рус мақоле доранд, ки Москва дар як рӯз сохта нашудааст. Яъне иҷрои ҳар кор, ислоҳи ҳар камбудиву норасоӣ муҳлати муайянро тақозо менамояд.

     Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон чунон корҳои бузурге ба анҷом расиданд, ки дар давоми зиёда аз 70 соли мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ нарасида буданд. Новобаста ба ин Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, ки «бо  вуҷуди ҳамаи дастоварду пешравиҳо  дар назди мову шумо ҳанӯз ҳам мушкилоту масъалаҳои зиёди ҳалталаб қарор доранд». Ва имрӯз вақти он аст, ки бо муттаҳидӣ дар атрофии Сарвари давлат Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мо аз пайи ислоҳи ҳамон мушкилоту масоили ҳалталаб шавем. Вагарна бо қабули муроҷиатномаю изҳорот, даъватҳои барқасдонаю душманонаи бадхоҳони давлату миллат мурод ҳосил намешавад.

    Насли наврасу ҷавон табақаи осебпазир маҳсуб мешаванд. Ба ин мазмун, ки душманону бадхоҳон, тундгароёну мансабхоҳон аз содагӣ, дилсофӣ, камтаҷрибагӣ ва ноустувории онҳо истифода бурда, нақшаҳои нопокашонро амалӣ карданӣ мешаванд. Аз ин рӯ, насли миёнсолу калонсолро лозим аст, ки сади ин роҳ шаванд, нагузоранд, ки фарзандонашон ба роҳҳои бад рафта, ба доми чунин афроди нопок гирифтор шаванд.

     Даъватамон аз насли наврасу ҷавон бошад, ин аст, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд. Чуноне доноён мегӯянд, «кӯр асояшро як бор гум мекунад». Солҳои 90-уми асри гузашта бояд барои ҳар нафар сабақ ва дарси ибрат бошад. Онҳо бояд тибқи ин фармудаи шоир амал намуда, зиндагии шоистаи хешро таъмин намоянд:

                       Як ҷавоне шав, ки байни халқ боло карда сар,

                       Бо сарафрозӣ падар гӯяд, ки ман дорам писар.

                     Халқ гӯяд: Ҷон йигит ҳастӣ, шавад умрат дароз,

                       Хок гирӣ, зар шавад, раҳмат ба устоду падар!

 

 

Исфандиёр Рофиев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Ҳар як шаҳрванди кишвар аз он вазъи сулҳу амоние, ки дар кишварамон ҳаст,  шукрона бояд кунад, зеро кишвари мо бо қадамҳои устуворона пеш рафта истодааст. Ва ин омил боиси пайваста нусрат ёфтани миллати тоҷдори тоҷик хоҳад шуд, дар ҳамин замина тамоми мардуми миллатамон бо сарфарози аз дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллати тоҷик мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешравии сиёсати кунунии кишварамон саҳми сазовореро гузоранд.Суханони ҳикматрези сарвари давлатро бояд сармашқи фаъолияти ҳамарўзаи худ қарор диҳанд.

Имрӯз баъди ҳазорон  солҳо мардуме, ки  дар арафаи таназзулёбии миллаташ қарор дошт, хушбахтона  ӯ имрӯз, боз ба озодиҳои навин, бо шарофати сарвари давлат  боз соҳиби хонаву давлати соҳибистиқлол гардид. Гузашта аз ин оташеро, ки ҳанӯз дар таҳи хокистар буд, дубора равшанаш намуда, василаи он  барои башарият ба пошидани нуру зиё оғоз кард.

Мо мардумони тоҷик дар чунин як шароите, умр ба сар мебарем, ки давлат соҳиби истиқлолият асту ба ягон эътиқодоти мардум монеа дучор намекунад, ин ҳам дар ҳоле, ки ҳатто замони шӯрави ҳолат чунин набуд.. Албатта, дар кишваре, ки фазои орому истиқлолияташро ҳазорон орзу менамоянд барояшон нафоридаву дигар роҳи таъсиррасониро наёфта, зӯрашон танҳо ба силоҳу аслиҳа расидааст. Гарчанде, ки гурӯҳҳои терористиву экстремисти то имрӯз ҳар гуна амалҳои ношоистаро ба анҷом расонида бошанд, ҳам то ҳол инсонҳое ҳастанд, ки мафкураи нопоки онҳоро маҳкум намуда барои сулҳи ватан мекӯшанд ва бо якзабони эътироф менамоянд, ки «Ифротгароиву мазҳабфурӯшӣ ҳеҷ гоҳ оини дини ислом набуд ва минбаъд низ нахоҳад шуд».

Миллати ҷангзадаи афғон дар вартаи нобудӣ қарор дорад. Толибон манфиатҳои худро боло мегиранд. Давлати исломӣ манфиати худро. Пас дар ин майдони ҳаёту мамот кӣ бештар рушану маънаван зарар мебинад, албатта халқт одӣ.

Қайд менамоям ва аз тамоми ходимону диншиносон хоҳиш дорам, ки динро ҳамчун воситаи ахлоқи инсонӣ ва одамигарӣ истифода намоянд. Гуфтан ҷоиз аст, ки байни мардум таассуб мавқеи бениҳоят ҳам мустаҳкамро касб намудаасту тақлид ба урфу одатҳои дигар миллатҳо намуда, оқибат дар як гирдбоди гароне бармехӯранд, ки аз он дигар роҳи баргашт нест.

Имрўз вазифаи ҳар яки мо устодону волидон аз он иборат аст, ки ҷавонон ва насли наврасро дар рўҳияи ҳушёрии сиёсӣ, ҳуввияти миллӣ, худшиносию миллатдўстӣ тарбия намуда, ба онҳо фаҳмонем, ки ҳеҷ неъмату сарват болотар аз ваҳдату сулҳу озодӣ нест.

      Бадтинатони ифротгар, наҳзатиҳои динфурӯш аз рӯи бевиҷдониву беимониашон ба мардумони миллат чунин як кореро, ки ба ақли инсони дорои маърифати исломи дошта ҳеҷ рост намеояд, яъне иғворо байни мардум барангехта оромии як кишвари озоду ободро хостанд, ки халалдор намоянд ва то ҳол ин бадхӯии худро идома дода истодаанд. Тавре, ки мо медонем, „бори каҷ ба манзил намерасад“ ин ҳадафи нопокашонро дар нақша доштанд, ки вазъияти тинҷи ҳамаи манотиқи Тоҷикистонро дар ҳолати пурталотуми ҷангу ҷидоли бемаънӣ табдил намоянд. Аммо исломи пок ин ҷангу ҷидолро пурра маҳкум менамояд, зеро дини ислом дини ҷангҷӯ нест, дини нифоқу надомат нест. Дини ислом, дини иттифоқу дини ахлоқ аст. Хушбахтона ҳамаи ин мақсадҳои мухолифон сари вақт ошкор ва пешгирӣ мегардад. Ин ҳама барои амнияти миллии мардумони кишвар роҳандозӣ мешавад, ки сарсупурдагони роҳи ҳаҷу ватандӯст, ҳамеша барои ҳифзи мардум ва манфиатҳои милливумаънавии кишвар саҳм мегиранд.

Абдусабури АБДУВАҲҲОБ, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

         Бо  шарофати татбиқи пайгиронаи сиёсати сулҳҷӯёна ва  ваҳдатгароёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии тозаистиқлоли мо аз вартаи ҳалокату нобудӣ раҳо  ёфтаву тоҷикон як ҷо сарҷамъу муттаҳид гаштанд, дар саросари Тоҷикистон сулҳу  субот ва ризоияти миллӣ пойдор гардид.

         Ба сари қудрат омадани фарзанди дилсӯзу худогоҳ, хирадманду адолатгустар, фарзонаву поксиришт, парчамбардори нангу номуси миллӣ, посдори ваҳдату ягонагӣ, сармеъмори кохи дӯстиву бародарӣ, Сарвари ҷонфидову марди оқил- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабаб шуда, ки сулҳу субот ва ризоияти миллӣ барқарор гардад, зеро маҳз сафару гуфтушунидҳои оқилона бо роҳбарони давлатҳои дахлдор, гурӯҳҳову нерӯҳои мухталиф ва размандаи дохилӣ, музокиротҳои дурандешонаву ҳадафманди бисёркарата боис ба он гашт, ки сулҳ маҷрои хешро дарёбад, кинаву кудурат аз байн биравад.

         Бояд тазаккур дод, ки рисолати олӣ ва меҳвари фаъолияти Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хидмат ба миллату Ватан буду ҳаст, зеро халқ бар он бовар аст, ки барқарор шудани сулҳу амонӣ ва ризоияти миллӣ аз нодиртарину бузургтарин хидмати Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.                                   Маҳз барномаҳои комилан нави сиёсиву иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишвар тавонист, Тоҷикистонро чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ягонаву ҳуқуқбунёд дар байни давлатҳои муқтадир муаррифӣ намояд.

         Иродаи бузурги ватанхоҳию ватандории Пешвои миллат буд, ки имрӯз давлатдории навини тоҷикон дар чорчӯбаи низоми  ягонаи демократӣ фаъолият намуда, Тоҷикистонро то ба узвияти Созмони умумиҷаҳонии савдо ва бо иқтисоди ҷаҳонӣ пайванди ногусастанӣ дод.

         Аз тарафи дигар, мақоми ҷаҳонӣ пайдо кардани ёдгориҳои таърихӣ ва расму ойини тоҷикон- таҷлили байналмилалии Наврӯзи Аҷам, татбиқи барномаи густурда ва пурвусъати «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки бо ташаббуси беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисмтон дар саросари ҷаҳони мутамаддин ҷараён дорад, аз намунаи ибтикоротест, созанда ва тамаддунофар.

         Лозим ба ёдоварист, ки  дар меҳвари сиёсати Президенти Тоҷикистон  инсон чун нодиртарин мӯъҷизаи офариниш ва орзуву ниятҳо, кушишҳояш баҳри зиндагии шоиста  қарор дорад. Ва ин ҳама саодатмандӣ, пирӯзиҳо асос бар риояи қонунҳои конститутсионӣ такя намуда, дар қатори давлатҳои мутараққии ҷаҳон нақш ва нуфузи беандоза пайдо кардани Тоҷикистон сабаб шуда, ки боиси ифтихори мардуми сарбаланди Тоҷикистон гардидааст.

Ходими намоёни давлатию ҷамъиятии Тоҷикистон Абдумаҷид Достиев дар китоби «Истиқлолияти Тоҷикистон ва сабақҳои он» дар мавриди хидматҳои шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди таҳкими ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба тариқи зерин ибрози андеша менамояд, ки имрӯз  ба тафаккури хонандаи ҳушёру зирак ва хушзеҳн овардани онро хеле зарур ва ҳатмӣ мешуморем: «Ҳукумати Раҳмонов Эмомалӣ Шарипов тамоми чораҳои ба ҳам овардани миллатро меҷуст ва дар ин роҳ аз ҳазору як чораҳои кӯчактарин яке ин буд, ки намояндагонашро ба назди роҳбарони хурду бузурги фирориён ё мухолифин ба гуфтушунид мефиристод. Ҳамаи ин боис шуду 35 нафар намояндагони фирориёнамон, бо сардории марди фозил, қаҳрамони меҳнат Талбак Садриддинов, писараш Сайнуриддин аз Афғонистон ба Ватан баргаштанд, то бубинанд, ки вазъи кишвар ором  аст вар афта дар ин бора ба фирориёнамон, ҳақиқати ҳолро бифаҳмонанд ва онҳо ба Ватанашон баргарданд. Ин гурӯҳ зиёда аз як ҳафта саросари водии  Вахшро дида ба Афғонистон баргаштанд.Имрӯз бояд гуфт, ки дар он рӯзҳо ин амрро ба ҷо овардан қаҳрамоние беш буд.                                Дар маҷмӯъ, ваҳдати кулли тоҷикон сарчашмаи соҳибистиқлолӣ аст. Сарфи назар аз маҳаллу миллату мазҳаб муттаҳид сохтани ҳамаи халқҳои Тоҷикистон мақсаду мароми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Раиси ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буду ҳаст ва дар оянда низ хоҳад монд!

Абдусабури Абдуваҳҳоб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд