Кишвари мо дар мавқеи муҳими геополитикии Осиёи Марказӣ ҷойгир буда, ба зиммаи роҳбарияти мамлакатамон вазифаҳои муҳими таъмини бехатарӣ гузошта шудааст. Дар маърӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 75-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) аз санаи 23.09.2020  гуфта шудааст: “Имрӯзҳо дар баробари мавҷи бесобиқаи бемории КОВИД-19 тавсеаи миқёс ва шиддати терроризму ифротгароӣ, ҷангу низоъҳои мусаллаҳона, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хатару таҳдидҳои муосир низ нигаронкунанда боқӣ мемонад.”

Ҳоло гурӯҳҳои террористиву ифротгаро ҳамоно амнияту суботи зиёда аз 100 кишварҳо ва минтақаҳои гуногуни ҷаҳонро ҷиддан ноустувор мегардонанд. Маълум аст, ки дар фаъолияти худ гурӯҳҳои ифротгаро аз воситаҳои гуногуни информатсионӣ ба монанди интернет, паҳн кардани хабарҳои бардурӯғ (фейк-хабар), ҷалби ҷавонон бо ваъдаҳои бардурӯғ ба амалӣ намудани мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд.

Аз ин сабаб мо бояд воситаҳои нав ва таъсирбахши муборизаи ҳамҷоя бо терроризмро таҳия намоем. Аз ҷумла ҳамкорӣ бо истифода аз имкониятҳои технологии муосир ва ҳамкориву ҳамоҳангии мақомоти масъули таъмини амнияти кишварҳои узви СММ аҳамияти хосса дорад.

Дар як вақт андешидани чораҳои қотеъонаи муштарак дар доираи ҳуқуқи байналмилалӣ муҳим буда, худдорӣ намудани кишварҳои абарқудрат аз истифодаи меъёрҳои дугона ҳамчун омилҳои дигари муҳим арзёбӣ мегарданд.

Роҳбарияти Тоҷикистон боварӣ дорад, ки фақат муборизаи дастаҷамъо-наи кишварҳои аъзои СММ ба таҳдиди афзоишёбандаи терроризм муҳим буда, худи Созмони Милали Муттаҳид нақши ҳамоҳангсози калидиро иҷро менамояд.

Маълум аст, ки Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо таҳдиду хатарҳои амниятӣ қарор дорад ва дар муқовимат бо терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир бо ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, бахусус, ниҳодҳои дахлдори СММ саҳми босазои худро гузоштааст ва ин равандро идома хоҳад дод. Ин гуна муборизаи муштарак аллакай натиҷаҳои назаррас ба бор овардааст.

Дар Тоҷикистон ду Стратегияи муҳими миллӣ - яке оид ба мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигаре мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар марҳилаи охирин татбиқ шуд. Дар нақшаи нави ин стратегияҳо иҷроиши корҳои муштарак бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии шарик нақши муҳим (калидӣ) дорад, ва дар он риоя ва татбиқи муқаррароти санаду конвенсияҳои байналмилалии дар ин соҳаҳо қабулгардида зарур аст. Кишвари мо бо сохторҳои марбутаи Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои минтақавӣ, аз қабили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҳамкории судманд дорад.

Комёбӣ дар амалҳои муштарак ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи низоъҳо, ҷустуҷӯйи роҳҳои мусолиматомези баромадан аз буҳрону ихтилофҳо, пеш аз ҳама, ба истифодаи самараноки дипломатияи боздоранда ва фаъолияти миёнаравӣ вобастагӣ дорад.

Мардуми кишварамон ҳамаи даҳшатҳои ҷанги шаҳрвандии таҳмилиро аз сар гузаронидааст ва зарурати ҳифзи ҳамаҷонибаи сулҳро хуб дарк менамояд.

Аз сабаб мо фаъолияти сулҳофарии Созмони Милали Муттаҳидро истиқбол менамоем ва ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар ин раванд ба қадри имкон ҳиссагузор бошем.

Ҳоло нерӯҳои полиси кишварамон дар амалиётҳои сулҳофарии СММ дар Дарфур ва Судони Ҷанубӣ, ҳамчунин, дар шаҳри Абейи Судон ширкат меварзанд.

Инчунин дар маърӯзаи президенти кишварамон гуфта шудааст: “Бо дарназардошти таҷрибаи дар роҳи мубориза алайҳи терроризм, ифротгароӣ, маводи мухаддир андӯхтаи кишвар ва бо мақсади муаррифии таҷрибаи сулҳи тоҷикон мо ният дорем номзадии Тоҷикистонро ба узвияти ғайридоимӣ дар Шӯрои Амнияти Созмон барои солҳои 2028-2029 пешбарӣ намоем. Мо умедворем, ки ин иқдоми Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои узв хуб пазируфта шуда, онҳо аз номзадии мо пуштибонӣ хоҳанд кард.”

Тоҷикистон бо Афғонистон қариб 1400 километр хатти сарҳад дорад. Маълум аст, ки дар давоми зиёда аз 40 соли охир даи ин кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дорад ва анҷоми он кай ба амал омаданаш маълум нест. Ба сулҳу оромӣ ва рушди сиёсиву иқтисодии ин кишвари ҳамсоя дар навбати аввал мардуми Тоҷикистон ҳавасманд аст. Аз ин сабаб андешидани тадбирҳои иловагиро ҷиҳати ҳамоҳангсозии талошҳо дар мубориза алайҳи терроризм, истеҳсолу қочоқи маводи мухаддир ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Ҳукумат ва мардуми он расонидани кӯмаки саривақтӣ яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа мебошад. Ба ақидаи роҳбарияти кишварамон ҳалли қазияи (проблемаи) Афғонистон на бо ҷанг, балки фақат бо роҳи музокироти сулҳофарӣ аст. Тақдири Афғонистон ва ояндаи он бояд пеш аз ҳама дар дасти худи мардуми он аст ва мо боварӣ дорем, ки ба истиқрори вазъ дар Афғонистон метавон танҳо аз тариқи раванди сулҳофарие расид, ки аз ҷониби худи афғонҳо идора, назорат ва пеш бурда мешавад. Бо Афғонистон  ҳоло мо дар татбиқи чандин лоиҳаҳои муштараки минтақавӣ ҳамкорӣ намуда истодаем. Ба монанди сохтмони хатҳои интиқоли барқ ва бунёди шаш пули фаромарзӣ аз ҷумлаи онҳост.

Тоҷикистон дар соли 2020 садорати нишасти “Қалби Осиё – Раванди Истамбул”-ро ба ӯҳда дорад ва дар он ҷиҳати баланд бардоштани самараи амалии ин ҳамоиш кӯшиш бурда истодааст.

Аз ин далелҳои овардашуда ба хулоса омадан мумкин аст, ки дар ҳақиқат Тоҷикистон бо амалҳои худ кафолати сулҳу осоиш дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.

 

 

Иброгимов И.И.