Бо баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мо ба як қатор дастовардҳои баланд ноил шудем, ки арзишмандтаринаш Ваҳдати миллӣ ва сулҳи комил мебошад.

Ҳарчанд дар дунёи имрӯза мушкилиҳои глобалӣ зиёданд, аммо якеи он масъалаи “терроризм ва экстремизм” ба шумор меравад, ки барои дарк кардани моҳияти он барасӣ намудани таърихи шаклгирии он лозим меояд. Чуноне, маълум шуд, истилоҳи “терроризм ва экстремизм” аз забонҳои дигар сарчашма гирифта, маънои “тарс ва ифротгароӣ”-ро дорад. Дар эъломияи ҳуқуқи инсон декларатсияи 18 омадааст: “Ҳар як инсон ба озодии фикр, виҷдон, ибодат ва расму оинҳои динӣ ҳуқуқ дорад”. - Ин маънои онро дорад, ки ба ҳеҷ як нафар ҳуқуқҳои динӣ манъ карда нашудааст. Аммо гурӯҳе аз баъзе фурсатҳо истифода бурда, аз номи дини Ислом амалҳои номатлубро анҷом медиҳанд. Чӣ  тавре ки дар конфронси Созмони байни давлатҳои Исломӣ зикр гардид: “Терроризм- миллат, дин ва мазҳаб надорад”.

Дар шароити шиддат гирифтани терроризми байналмиллалӣ, ба ақидаи бисёриҳо, худи дин бояд қувваи асосии мухолифи идеологияҳои экстремистӣ гардад.

Терроризм имрӯз хатари аввалиндараҷаи на танҳо барои ҷавонони Тоҷикистон, балки барои тамоми инсоният шудааст. Ҳанӯз 11-сентябри соли 2001 ҳодисаи ногувори террористӣ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА, ки қариб 3000 нафар ҳалок ва садҳо нафари дигар захмӣ шуданд, аз хотирҳо фаромӯш нагардидааст. Онҳо тавонистанд, дар вуҷуди чандин инсонҳои дигар тарсу ваҳмро ҷо диҳанд. Бо вуҷуди ин чандин давлатҳои Амрико ва Аврупо дар сатҳи баланди зиндагии иҷтимоию иқтисодӣ қарор доранд. Дар ҳоле ки баъзе давлатҳои дигар ба монанди Афғонистон, Ироқ ва Сурия дар зери ҳамлаҳои террористӣ мондаанд.

Тоҷикистон, дар радифи дигар кишварҳои мутарақии ҷаҳон бо ин зуҳроти марговар мубориза бурда, талош меномояд, ки пайомади ногувори ин амалҳо пешгирӣ карда шавад. Терроризмро на танҳо бо истифода аз системаи чораҳо оид ба мубориза бо он, аз ҷумла усулҳои  иқтисодӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ, равонӣ ва маънавӣ метавон шикаст дод. Яке аз самтҳои асосии мубориза бо он дар муҳити ҷамъиятӣ пешгирии онҳо мебошад. Ғайр аз ин, шиносоии донишҷӯён бо забон, таърих, фарҳанг ва ҳаёти ҳаррӯзаи миллатҳои гуногун имкон медиҳад, ки дар амал принсипҳои  фаҳмиш бидуни муноқиша ва ҳамкорӣ пешниҳод карда шавад. Инчунин барои васеъ гардонидани фаҳмиши динии ҷавонон фаъолият дар соҳаи таълими динӣ бояд бо истифодаи васоити ахбори омма ҳамроҳ карда шавад.

Гузаронидани чунин корҳои пешгирикунанда дар байни ҷавонон махсусан муҳим аст,зеро маҳз насли ҷавон аз ҳисоби як қатор омилҳои гуногун ва ҷамъиятӣ осебпазиртар аст. Ноамнии иҷтимоӣ ва модии ҷавонон, боиси таъсири максимализатсияи манфии камолоти равонии онҳо мегардад. Ногуфта намонад, ки  барои пешгирии ифротгароӣ ва терроризм ҷомеаи мо бетараф нест.

Имрӯз вобаста ба масъалаву мушкилоте, ки инсоният ба онҳо рӯ ба рӯ меояд, худи вақт худи замон аз мо талаб мекунад, ки онҳоро нодида нагузорем ва барои роҳҳои  ҳалли онҳо андеша ронем, тадбирҳо биҷӯем. Масъалаи дар боло зикршуда, ки мавриди тавваҷӯҳи мо қарор дод, роҳи ҳалро металабад. Аввалин тадбиқи чорабиниҳои ҳамаҷониба барои ташакули ҳуқуқӣ дар байни ҷавонон ин ҷустуҷӯи донишҳои илмӣ мебошад. Донистани ҳуқуқ ва озодиҳои худ ба насли ҷавон кӯмак мекунад, ки ҳисси эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои атрофиён аз ҷумла ҳаёт, саломатӣ ва шаъну эътибори онҳоро ба вуҷуд оранд.

Ҳамин тариқ, барои мубориза бурдан ба ин зуҳроти номатлуби зараровар бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа, хусусан ҷавонон масъулият эҳсос намуда, дар якҷоягӣ ба он мубориза барем ва барои дониш гирифтан бикӯшем. Зеро Тоҷикистон ба мутахасони баландихтисос дар ҳамаи соҳаҳо ниёз дорад.

Донишҷӯи курси 2

ДПДТТХ

Исроилзода Ф.Ф.