Дар ҳамаи замонҳо нафароне ҳастанд, ки ба муқобили давлату миллати худ муқобил мебароянд. Афсӯс, ки имрӯзҳо низ ин гуна афродони пасттинат ҳастанд, ки нону намак хӯрда, бар намакдони хеш туф мекунанд, бар миллати давлати хеш хиёнатро раво мебинанд.

Яке аз чунин ашхоси разил Муҳиддин Кабирӣ бо ҳизби худ ба ҳисоб рафта, нияти онҳо халалдор кардани вазъи аҳолӣ ва бо ин роҳу васила амалӣ намудани амалҳои нангини худ мебошад. Ҳизби наҳзати ислом ҳизбест, ки ба Тоҷикистон талафоти молию ҷонӣ овардааст. Пас аз манъ намудани фаъолияти ҲНИ ҳамаи саркардагони ин ҳизб роҳи гурезро пеш гирифтанд. Аз Ватан берун шуда ин нохалафон мебоист ба қадри обу хоки ин диёр расида, аз кирдорҳои худ пушаймон шаванд. Аммо ин ашхоси хиёнатпеша ба давлату кишвари хеш беҳуда тӯҳмат мебофанд. Алалхусус роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳарзагӯӣ мекунад. Ин хоини ватанфурӯш бо иғвогариҳои худ мехоҳад мафкураи касонро вайрон кунад, вале  халқи тоҷик фаҳму фаросоти баланд дошта, зиракии сиёсӣ аз даст надода, баръакс зидди тӯҳматҳои беасоси вай баромада, садҳо нафрату надомат мефиристанд.

Ватанфурӯшони миллат, наҳзатиҳо ва пайравони хоҷагони беруна,  ки таҷрибаи бойи тӯҳматкунӣ доранд, аз гӯшаву канори олам фитнаангезӣ мекунанд. Ва шаҳрвандони соҳибдавлати Тоҷикистон набояд бетарафи зоҳир намояд. Кабириву пайравони ӯ, ки худро доно метарошанд, бо ҷиноятҳои содирнамудаашон оқибат ба балои бад гирифтор шуда, оқибаташон “вой” аст.

Президенти кишвар муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз рушди бемайлони таҳдидҳои терроризм ва экстремизм изҳори нигаронӣ намуда, таъкид менамоянд, ки терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, харидуфурӯши одамон ва дар маҷмӯъ, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст.

Тамоми заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати давлат бисёр арзанда арзёбӣ гардида, мо сокинони Тоҷикистони сулҳобод давомдиҳандагони кору пайкори Сарвари муаззами миллат буда, бар зидди хоинони ватан муборизаи беамон хоҳем бурд.

Назаров А.А.

Устоди ДПДТТХ