Замоне буд, ки миллати тоҷик аз дасти бархе аз ташкилотҷӣёну гурӯҳбозони ифротгар дар оташи ҷанг кам монда буд сӯзад. Маҳз дар ҳамон вақтҳо аз хиради азалии сулҳпарастону ватандӯстон ва ҷасурмардони кишвар мо аз ин бало берун омада будем. Имрӯз низ ҳамон дасисабозону ҳангомаҷӯён хоҳони онанд, ки пас аз бо мушкилиҳо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон дубора ба чунин ҷанг рӯ ба рӯ гардад. Албатта, тамоми мардумони ваҳдатшиору сулҳофарини тоҷик теша ба решаи чунин пастфитратон хоҳанд зад, ки арзишҳои олии  мамлакати моро ба манфиати шахсии худ истифода менамоянд.

Мусаллам аст, ки дар ҷомеаи кунуни имрӯз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна иттилоотро метавон дарёфт. Зикр менамоям, ки хоинони миллати тоҷик аз зӯри бахилию бадбинии хеш осоиштагии мардуми кишварро дида натавониста, маҷбуран мардумро бо ҳар гуна суханони тӯҳматбор ба шӯр оварда истодаанд.

Имрӯзҳо намояндагон ва аъзоёни Гурӯҳи ифротии 24 ба ҳар воситае баромад намуда, тарафҳои камбудиро дар мамлакати мо зери танқид қарор медиҳанд, ки ин ҳама суханони бофтаву сохтаи онҳоро касе майли шунидан надорад, зеро хама аз ободии кишвар ва пешрафти он ба хубӣ хабар доранд ва намехоҳанд, ки аз бетарафию худхоҳии чунин носипосон кишвар таназзул ёбад.

Бояд тазаккур дод, ки ҳодисаю воқеаҳои мамлакатҳои хориҷро аз дасти ифротгарон тамоми олам медонад ва инро низ дарк мекунад, ки оқабати ба гурӯҳҳои ифрот пайвастани ҳар кас ба чунин нобасомониҳое ба мисоли кишварҳои Арабу Суриёву Ироқ ҳоҳад расонид. Чунки дар он кишвар аз дасти чунин нобакорон аз бедонишию бефарҳангии мусалмонон истифода бурда, бародарони ҳамдину ҳаммазҳабро ба вартаи ҳалокатовар тела доданд, ки натиҷаи он ба ҷузъ вайрониву харобӣ ва қатлу куштори сокинони ин минтақа дигар чизе нест. Дар баробари ин ҳаракате бо номи ДИИШ арзи ҳастӣ кард, ки аксари кишварҳои дунё вуҷуди онро барои минтақа хавфнок дониста, онро ба сафи созмону ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва террористӣ дохил карда, онро маҳкум намуданд.

Донистан зарур аст, ки Ислом дини мубораку пок аст ва набояд онро ба сифати як дини террористию ифротгаро нишон диҳем ва амалҳои ношоистаи ҳаракати ДИИШ ба мақому манзалат ва обруву дину мазҳаб зарбаи сахт ворид мекунад. Аммо мо як чизро фаромўш набояд кунем, ки дини Ислом дини комилу муқаддас аст ва танҳо ҳама айбу норасоӣ дар амалу рафтор ва кирдорҳои мусалмонии мо нуҳуфтааст.

  Мусулмонӣ бояд дар дил зуҳур ёбад, на ин ки барои реклама намудани гурӯҳу созмону азҳоб ташкилнамуда.

Мо бояд бо Ватани маҳбуби худ Тоҷикистони биҳиштосо ифтихор намоем. Онро қадр кунем, чун ин  макон ягона сарпаноҳи миллионҳо нафари ватандӯсту худогоҳ ва сарзамини биҳиштосои ҳар шахс аст.

 

Муллоусмонова Г.Ғ.

Устоди ДПДТТХ